Королева Великобритании
Елизавета II является главой Британского Содружества, королевой Соединенного королевства Великобритании и Северной Ирландии, а также еще пятнадцати государств: Антигуа и Барбуда, Австралия, Багамские Острова, Барбадос, Белиз, Канада, Гренада, Ямайка, Новая Зеландия, Папуа-Новая Гвинея, Сент-Китс и Невис, Сент-Люсия, Сент-Винсент и Гренадины, Соломоновы Острова, Тувалу.
Елизаветаи II – юм Маликаи
Британияи Кабир
Маликаи шоњигарии Иттињоди Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолї њамчунин понздањ давлати Иттињод соли 1952, пас аз фавти падараш Георги VI ба тахт нишаст. Елизаветаи – II њамчун рамзи зиндаи Британияи Кабир боќї монд.
Елизаветаи II сарвари Иттињодияи Британия, маликаи Иттињоди шоњигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолї, инчунин 15 давлати дигар: Антигуа ва Барбуда, Австралия, Љазирањои Багама, Барбадос, Белиз, Канада, Гренада, Ямайка, Зеландияи Нав, Папуа – Гвинеяи Нав, Сент – Китс ва Невис, Сент – Люсия, Сент – Винсент ва Гренандина, Љазирањои Соломон, Тувал ба шумор меравад. Соли 1999 Австралия маќоми рањбарии давлатро медоштанд.
Малика Елизаветаи Александри Мэри аз сулолаи Виндзарњо 21 апрели соли 1926 дар Лондон дар оилаи гертсог ва гертсогиня Йорк ба дунё омадааст. Падараш шоњзода Алберт бародари хурдии вориси тахт шоњзода Эдуард мањсуб меёфт. Эдуард муљаррад ва бефарзанд буд. Елизавета тибќи навбат сеюмин вориси тахти Британия мањсуб мешуд, аммо касе гумон надошт, ки вай малика мегардад. Ваќте ки шоњ Георги V соли 1936 рењлат шуд, амаки малика ба тахт њамчун Эдуарди VIII нишаст. Аммо салтанати ў дер намонд ва њамчунин вориси тахт њам ба дунё наворад.
Аз њамон ваќт зиндагии Елизавета куллан таѓйир пазируфт. Ў бевосита вориси тахти Британия гардид ва ин манзалатро танњо дар як њолат мањрум мегашт – дар њолате ки шоњ писар ёбад. Вале чунин нашуд. Маликаи оянда дар дарбор тарбия меёфт, баъдан барои омодагї гирифтан ба њаёти сиёсї дар коллељи Итон таърихи конститутсиониро меомўзад. Баъди љанги дуюми љањонї Елизавета тасмим гирифт, ки барои дифои шоњигариро бо ходимонаш њамроњ барад. Падараш – шоњ нагузошт, ки ў њамшираи шафќат гардад, аммо соли 1945 Елизавета ба ќисми ёридињандаи занонаи нерўњои њарбии шоњигарї шомил мегардад. Дар ин љо ў тахассуси ронандагиро касб карда, бо итмоми љанг унвони ќумандони хурдро соњиб мегардад.
Ошноии наздики Елизавета бо ўњдадорињои монархї аз соли 1944 оѓоз ёфт. Ваќте ки Георги VI ба љабња рафта буд, Елизавета ивазаш мекард. Соли 1947 аввалин сафари расмии малика ба хориљи кишвар содир гашт: ў Африкаи Љанубиро дидан намуд. Вориси тахт дар назди мардуми ин кишвар ба садоќат нисбат ба Иттињод ќасам ёд кард.
Номзади Елизавета шоњзодаи Юнон ва Дания Филипп ќарор ёфт. Тўйи арўсии Филипп ва Елизавета 20.11.1947 доир гашт.
Соли 1948 онњо писардор шуданд – шоњзода Чарлз ба дунё омад. Соли 1950 шоњзода Анна таваллуд шуд.
Соли 1952 шоњ Георг фавтид ва Елизавета ба тахт нишаст. 2 июни соли 1953 тантанаи тољгузорї доир гашт. Соли 1960 фарзанди сеюми малика – шоњзода Эдуард таваллуд ёфт. Тибќи дастури Елизавета шоњзодањо дар муассисањои таълимии љамъиятї тарбия меёфтанд.
Ибтидои салтанати Елизавета бо рўњияи некбинонаи Британияи Кабир ва Иттињод ќайд мегардад. Соли 1960 авзоъ таѓйир меёбад, институти монархї зери шубња ќарор меёбад, аммо шукўњи малика ва оилаи ў њамоно боло мемонад. Елизавета кўшиш мекард, ки монархияи Британияро њадди аќал “халќї” кунонад. Њаёти оилаи Виндзарњо ба љомеа њадафмандона объективї ва бепарда буд.
Соли 2002 Елизаветаи II ду фољеаро аз сар мегузаронад: моњи феврал хоњари хурдиаш малика Маргарет ва моњи март модараш тарки дунё мекунанд.
Соли 2006 малика 80 солагиашро љашн гирифт. Љашнњои таљамўї гувоњ аз онанд, ки маликаи Елизаветаи II њамоно мањбулу писанди кишвар ва Иттињод аст. Малика соле ду маротиба мавлуд љашн мегирад – яъне расман, ки дар доираи оила таљлил меёбад ва дигарї 17 июн љашн мегирад.
Дар љашни 60 –умин солгарди салтанати малика Елизаветаи II аз дарёи Темза флотилияи бузурге гузар намуд, дар Толори Шоњонаи Алберт консерти идона доир гашт, дар боѓи Баттерси иди таърихии бошукўњ гузашт, ки ба малика бахшида шуда буд, дар Британияи Кабир ва Иттињод 2012 машѓал ва шўъла барафрохта шуд љашнро дар калисои Папаи муќаддас хотима бахшиданд.
Дар иртибот бо ин љашн малика изњорот намуд: “Ман аз Шумо љињати дастгириатон сипосгузорам ва мамнун аз онам тайи ин солњо ба ман ва шавњарам Филипп рўњ мебахшидед. Дар ин соли охир ман худро бањри хизмати Шумо мебахшам ва мо бояд нерўи ягонагиву вањдатро ќадр намоем”.
60 – солагии салтанати малика Елизаветаи II бо як тор тадбир дар Иттињоди Шоњигарї ва кишварњои Иттињод таљлили ёфт. Нуќтаи кулминатсионии он чањор рўзи истироњатї дар моњи июн мебошад, ки дар тамоми Британияи Кабир љашнњо доир мешуданд.
Бо гузашти солњо Малика ба машѓулиятњои дўстдоштааш – парвариши сагу аспњои даванд дода мешавад. Сагњои дўстдошати ў навъи «корги» мебошад.
Более подробную информацию можно найти по следующим ссылкам