Олимпиадаи байнанмиллали

Эдуард Николаевич Успенский

Советский и российский писатель, автор детских книг.

Шарњи њоли Э.Н.Успенский.

Эдуард Николаевич Успенский 22-юми декабри соли 1937 дар шањри Егоревски вилояти Москва таваллуд шудааст.

Баъди хатми мактаб Э.Успенский донишљўи Донишкадаи авиатсионии Москва мегардад. Солњои тањсил дар донишкада осори адабии ў дар матбуот ба нашр мерасанд.

Роњи эљодии Успенский дар якљоягї бо А. Арконов дар жанрњои њаљвї оѓоз гардидааст. Шеърњои бачагонаи вай дар радио садо дода, дар рўзномаи «Литературная газета» ба нашр мерасанд.

Соли 1966 Эдуард Успенский тавассути осори бачагонаи худ «Тимсоњ Гена ва дўстони ў», «Ба поён бо дарёи сењрнок» («Вниз по волшебной реке») машњур гардид.

Соли 1970 вай песањои машњури худ «Чебурашка ва дўстони ў», «Рухсатии тимсоњ Гена», «Мероси Барањман» ва ѓайрањоро менависад. Њамаи кўдакон новобаста ба синну солашон ќањрамонњои офаридаи ўро дўст медоранд.

Ибтидои солхои 1980-1990 муаллиф маљмўаи шеърњои «Њама дар љояш» ва силсилаи китобњо барои бачагон: «Амаки Фёдор, саг ва гурба», «Таътил дар Простаквашино», «Хонаводаи ранг ранг», «Кулчача аз пайи чиз меравад» нашр намуд. Инчунин Эдуард Успенский сенариянависи мултфилмњои то имрўз машњур оид ба Тимсоњ Гена ва Чебурашка ба шумор меравад. Ба ивазшавии наслњо нигоњ накарда, ќањрамонони мултфилмњои вай абадї дар хотири тамошобинон боќї мемонад.

Э.Н.Успенский барои намоишњои (барномањои) машњури «АБВГДейка», «Радионяння», «Киштињо ба бандари мо даромаданд» навиштањо мекунад.

Асарњои адиб ба 25 забон нашр шуда, дар Њоланд, Франсия, Япония, Финляндия ва ИМА маълуму машњур мебошанд. Машњуртарин китобу асарњои Э.Н.Успенскийайни њол инњоанд:

  •  « Амаки ФЁДОР, саг ва муш»
  • «Холаи амаки Фёдор»
  • «Зимистони Простоквашино»
  • «Тартиботи нав дар Простоквашино»
  •  «Амаки Фёдор ба мактаб меравад»
  •  «Хазина аз дењаи Простоквашино»
  •  «Ид дардењаи Простоквашино»
  • «Тимсоњ Гена ва дўстони ў»
  • «Рухсатии тимсоњ Гена»
  • «Тиљорати тимсоњ Гена»
  • «Чебурашка ба назди мардум меравад»
  • «Тимсоњ Гена ва роњзанњо»
  • «Рабудани Чебурашка»
  • «Тафтишотро Кулчачахо мебаранд»

Айни њол муаллиф дар Москва кор ва зиндагї карда, асари вай дар нашриёти «Самовар» нашр мешавад.

Другие учёные проекта

Жан-Люк Моро
Забони франсавї