Олимпиадаи байнанмиллали

Янин Валентин Лаврентиевич

Янин Валентин Лаврентьевич- Доктор исторических наук. Профессор, академик РАН. Заведующий кафедрой археологии Исторического факультета МГУ.

Заслуженный профессор Московского университета. Автор более 700 научных и научно-популярных книг и статей, участник многих открытий, связанных с Новгородом, в том числе Новгородской псалтири.

Валентин Лаврентиевич Янин

Доктори илмњои таърих.

Профессор, академики АУ Россия.

Мудири кафедраи бостоншиносии факултети таърихи ДДО Москва.

Профессори шоистаи донишгоњњои Москва, барандаи љоизаи Ломоносов (1966), Лауреати Мукофоти Давлатии СССР (1970), Ленинї (1984), Демидов – љоизаи «Триумф» (2002), мукофоти ба номи А.Солженитсин (2010),

Узви Комиссияи осорњои беназири фарњангии назди президенти Федератсияи Россия.

Раиси Шўрои осорхонањои назди Бунёди фарњанги Россия, узви Шўрои машваратии назди вазорати фарњанги Федератсияи Россия, узви Комиссияи давлатии баргардонидани сарватњои фарњангї.

Аъзои њайати тањририяи маљаллањои илмии «Российская археология», «Вестник Московского Университета».

Шањрванди фахрии Новгороди бузург (1983), узви фахрии љамъияти Новгородии њаваскорони антиќа.

Зиндагинома

В.Л.Янин 7 феврали соли 1929 дар шањри Вятка (њоло шањри Киров) таваллуд шудааст. Падараш духтури санитар, модараш муаллима.

Дар соли 1937 оилаи онњо ба таъќиб гирифтор шуд, волидайни модараш аз љумлаи сарватмандон буда, дар хешии дур бо саноатчиёни машњур Морозовњо ќарор доштаанд.

Соли 1943 оилаи онњо ба Москва мекўчад ва В.Л.Янин тањсилро дар синфи 8-и мактаби намунавии раќами 7-и Москва давом медињад.

Ин мактаб дар тангкўчаи Казан воќеъ гардида, дар он солњо «намуна» натанњо дар ном буд. Дар ин мактаб њайати омўзгорони баландихтисос фаъолият мекарданд, бисёр хатмкунандагони ин муассисаи таълимї одамони машњур шудаанд.

Соли 1946, яъне мактабро бо медали тилло хатм карда, њамон сол ба факултаи таърихи ДДМ (МГУ) дохил мешавад. Соли 1951 кафедраи бостоншиносиро хатм мекунад. Соли 1954 рисолаи номзадї дар мавзўи «Низомњои пулию молї дар Россияи то давраи муѓул» њимоя мекунад. Соли 1963 барои китоби «Шањдорони Новгород» (Москва, 1962) ба ў дараљаи илмии доктори илмњои таърих дода мешавад.

Соли 1966 ба узвияти вобастаи АУ СССР пазируфта шуда, соли 1990 узви пайвастаи АУ Россия мегардад.

Солњои 1967-1991 узви президиуми Шўрои марказии љамъияти муњофизати ёдгорињои умумирусї, солњои 1969-1974 узви Кумитаи бостоншиносии назди шўъбаи таърихи АУ СССР , солњои 1970-1976 раиси симпозиуми байниљумњуриявї аз таърихи аграрии (заминшиносї) Аврупои Шарќї дар назди шўъбаи таърихи АУ СССР интихоб шуда буд.

Солњои 1986-1991 узви садорати бунёди Шўравии фарњанг: аз соли 1991 то 1996 раиси шўрои осорхона ва узви президиуми бунёди Россиягии фарњанг буд.

Солњои 1980-1991 аъзои бюрои шўъбаи таърихи АУ СССР, АУ Россия (аз соли 1996 то имрўз мебошад).

Аз соли 1993-узви шўрои давлатии ташхиси назди президенти Федератсияи Россия оид ба мероси фарњангии халќњои Федератсияи Россия мебошад.

Раиси шурои осорхонавии назди бунёди фарњанги Россия, узви шўрои машваратии назди вазорати фарњанги Федератсияи Россия, узви комиссияи давлатї оид ба баргардонидани сарватњои фарњангї, узви комиссия оид ба осорњои беназири фарњангии назди президенти Федератсияи Россия, узви њайати тањририяи маљаллањои илмї:

Бо орденњои «Дўстии халќњо» (1975), «Байраќи сурхи мењнат» (1980), «Ленин» (1990), ягона ва аввалин олими илмњои гуманитарї аст, кибо мукофоти АУ Россия- медали калони тиллоии ба номи М.В.Ломоносов (1999) ва медали тиллоии С.М.Самойлов сазовор шудааст.

Соњаи равобити илмї

Таърих, бостоншиносї ва сарчашмашиносии Новгороди асримиёнагї, тадќиќгари навиштањои рўи пўстлохи пўст ва тангашиносии Руси ќадим бори аввал дар таърихи таърихшиносии Россия усулњои маљмўии сарчашмашиносї, ки ба такмили сарчашмањои гуногуни хаттї, бостоншиносї , танга ва маводњои тамѓаї, ёдгорињои санъат бахшида шудаанд, љорї намудааст.

Дар асоси такмили ин сарчашмањо аз тарафи Янин таърихи низоми пулї-тарозуи Рус, маросимњои сиёсї, ќонунњои ташаккули сохтори давлатии Новгорд, системаи андози заминњои Новгород, топографияи Новгороди асримиёна омўхта шудааст.

Ў бори аввал навиштањои рўи пустлохи дарахти тўсро чун сарчашмаи таърихї истифода бурдааст.

Академик Янин навиштањои пўстлохи дарахти тўсро тадќиќ намуда, дар бањси норманшиносон ва мухолифони онњо нуќта гузошт. Матнњои ёфтаи ў гувоњї медињанд, ки князњои аввалаи русро варяг ном медодаанд. Инчунин олим ягонагии ќавмии славянњои ќадимро рад кард.

Бошандагони вилоятњои шимолї-ѓарбї (Псков, Новгород) аз Полша ва Олмони Шимолї реша доштаанд. Инчунин, яъне оид ба сиёсати шањрдории Псков ва Новгород низ таѓйироти илмї ворид кард. Исбот намуд, ки демократия вечегї(машваратї) њокимияти пуч буда, ки мардум онро тарафдорї намекардаанд.

Бинобар ин, ба Ивани 3 ба осонї муяссар шуд, ки соли 1478 Псков ва Новгородро мутеъ созад. Валентин Янин –муаллифи беш аз 700 китоб ва маќолањои илмї ва илмиву оммавї, мутахассиси Руми ќадим, иштирокчии бисёр кашфиётњои вобаста ба Новгрод, аз он љумла, оётњои забурии Новгород мебошад.

Китоби илмї –оммавии ў «Ман ба ту пўстлохи тўс фиристодам» ба муаллиф мукофотњои зиёд, аз мукофоти давлатии СССР сар карда, то мукофоти «Триумф» дар соли 2002 овард ва ба бисёр забонњои дунё, аз љумла японї тарљума шудааст.

Маќолањои ў оид ба бостоншиносї ва кашфиётњои Новгород ва таърихи он дар бисёр кишварњои дунё чоп шудаанд.

Профессор, академики АУ Федератсияи Россия, мудири кафедраи бостоншиносии факултети таърихи ДДМ В.Янин бист номзад ва 8 доктори илмро тарбия намудааст.

Другие учёные проекта

Корнелия Функе
Забони олмонї