Прославленный российский писатель-фантаст, создавший за свою жизнь огромное множество самых разнообразных произведений.
Борис Стругатский 15 апрели соли 1933 дар Ленинград таваллуд шудааст, ки падараш Н.З.Стругатский чанде пеш корманди илмии музейи Давлатии Рус таъйин шуда буд. Модари Борис Александра Ивановна Литвончёва муаллима буда, аз адабиёти рус дар њамон мактабе, ки Борис мехонд, дарс мегуфт ва пас аз љанг ба унвони «Муаллимаи шоистаи РСФСР» сазовор шуда бо ордени «Нишони фахрї» мукофотонида шудааст.
Дар замони Љанги Бузурги Ватанї оилаи Стругатскийњо дар Ленингради муњосирашуда монд, бинобар сабаби бемории Борис январи соли 1942 Аркадий ва Натан Залманович Стругатскийњо ба муњољират танњо рафтанд. Танњо соли 1943 ба бародари калонї Аркадий муяссар шуд, ки модар ва додарашро ба шањрчаи Ташлаи вилояти Оренбург (он ваќт вилояти Чкаловск) биёрад. Ба Ленинград онњо соли 1945 баргаштанд. Соли 1950- мактабро бо медали нуќра хатм карда нияти ба ДДЛ ба факултети физика дохил шудан дошт, вале бо баъзе сабабњо ќабул нашуд. Сипас, њуљљатњояшро ба факултети математика-механика супорид, ки онро соли 1955 бо ихтисоси «астрономи ситорањо»(ситорашиносї) хатм кард.
Пас аз анљоми донишгоњ ба аспирантураи Расадхонаи Пулково дохил шуд, вале рисолаи илмиро њимоя накард, чунки мавзўъ њанўз соли 1942 дар хориља њал шуда буд. Сипас Б.Н.Стругатский дар истгоњи њисоби Расадхонаи Пулково ба сифати муњандиси мошинњои њисобї-тањлилї кор кард. Дар соли 1960 дар экспедитсияи заминченкунї ва астроиќлимї аз рўи барномаи љустуљўи љой барои гузоштани телескопи калони АИ СССР ширкат намуд.
Соли 1964 нависандаи касбї, аъзои ИН СССР. Чанд соли дигар дар Расадхонаи Пулково дар њаљми ним сарборї (0,5 ставка) кор кард
Соли 1972-сардори семинари Ленинградии нависандагони љавони фантаст (баъдњо ин семинар њамчун «семинари Борис Стругатский» маъруф шуд).
Муассиси љоизаи «Туќќумшулуки биринљї».
Аз соли 2002 сармуњаррири маљаллаи «Полден, ХХ1 век». Дар соли 2006 дар навиштани китоби «Автограф века» (соядасти аср) иштирок намуд. Шахсан дар њар нусхаи китоб, ки 250 дона буд, имзо гузоштааст.
Ба Аделаида Алексеевна Карпелюк хонадор шудааст, ки дар замони донишљўияш дар ДДЛ шинос шуда буданд. Писараш Андрей соли 1959 таваллуд шудааст.
Борис Натанович њамчун филателист (љамъкунандаи маркањои почта) машњур аст, ки ин шавќ дар эљодиёти ў инъикос ёфтааст.
Физик профессори Донишгоњи Манчестер, дорандаи љоизаи Нобел оид ба физика дар соли 2010.
Более подробную информацию можно найти по следующим ссылкам