Олимпиадаи байнанмиллали

Чудинов Анатолий Прокопевич

Чудинов Анатолий Прокопьевич, доктор филологических наук, профессор, проректор по научной и инновационной деятельности Уральского государственного педагогического университета, заслуженный деятель науки Российской Федерации.

Анатолий Прокопевич Чудинов

Доктори улуми филологї, прфессор оид ба фаъолияти илмї ва инноватсионии Донишгоњи давлатии омўзгории Урал, Ходими Шоистаи илми Федератсияи Россия

А.П.Чудинов маълумотро дар ДД Перм (1969-1974) гирифта, солњои1976-79 дар аспирантураи Донишгоњи Давлатии Омўзгории Москва тањсил кардааст. Шогирди академик Д.Н.Шмилёв мебошад. Соли 1979 рисолаи номзадиро дар мавзўи «Калимањои ифодакунандаи калимањои њаётї дар забони муосири рус» дифоъ намуд. Дар соли 1979- номзади илмњои филолгої.

Аз соли 1982 дар ДДО Урал кор мекунад. Соли 1985 дотсент.

Соли 1990 рисолаи докториро дар мавзўи «Таѓйирёбии мунтазами маъної дар калимањои феъли забони русї» њимоя намуд.

Соли 1991 унвони профессориро соњиб шуда, мудири кафедраи забони русї ва усули таълими он таъйин шуд. Баъдан мудирии кафедраи хушхонї ва санъати суханро ба ўњда гирифт.

Феълан мудири кафедраи хушхонї ва коммуникатсияи байни тамаддунњост.

А.П.Чудинов – раиси Шўрои дифои корњои илмї аз рўи ихтисосњои 10.02.01-забони русї ва 10.02.20- забоншиносии муќоисавї-таърихї, типологї ва муќоисавї мебошад.

Дар зери роњбарии бевоситаи ў беш аз 80 рисолањои номзадї ва докторї дифоъ шудааст.

Соњаи тадќиќоти илмии ў забоншиносии сиёсї, забони тарѓибот, забоншиносии тасвирї, коммуникатсияи байни тамаддунњо, хушхонї ва санъати сухан, забоншиносии тарбиявї аст.

Сармуњаррири маљаллаи «Забоншиносии сиёсї».

Муаллифи 18 китоб ва беш аз 300 маќола.

Асарњои ў «Забоншиносии сиёсї» (ба хитої тарљума шудааст) ва «Асосњои назарияи коммуникатсионї» дар мактабњои олии минтаќањои мухталифи Россия, Полша, Венгрия, Словакия, Булѓория, Украина, Литва, Белоруссия, Ќазоќистон истифода мешаванд.

Соли 2000-ум унвони Ходими Шоистаи илми Федератсияи Россияро ба даст овард. Бо грантњои агентии иттилоотии ИМА, солњои 1994-95, вазорати маорифи Федератсияи Россия соли 2001, бунёди илмњои гуманитарии Россия солњои 2003-2006 -2007-2012, бунёди «Русский мир» мушарраф шудааст.

Дар Донишгоњи Иллинойи Шимолї-Шарќї (ИМА), Донишгоњи Гуандун (Хитой), Донишгоњи забони хориљии Сзимен (Хитой), Донишгоњи давлатии Будапешт (Венгрия), Донишгоњи Лодз (Полша) њамчун профессори даъватшуда маърўзањо кардааст.

Дар конфронсњои байналмилии Москва, Санкт-Петербург, Будапешт(Венгрия), Велико Тирново (Булѓория), Киев ва Одесса (Украина), Чикаго (ИМА), Гуанчжоу ва Чан Чун (Хитой), Лодз (Полша), Даугавпилс (Латвия), Самарќанд (Ўзбекистон) баромадњо кардааст.

Аз соли 2005 проректор оид ба фаъолияти илмї ва инноватсионии Донишгоњи давлатии омўзгории Урал мебошад.

Другие учёные проекта